Фаридуни Хуршед мехмонии барномаи «Дигар ШОУ» дар ЛАВ Радио


Чанде кабл дар мехмонии барномаи «Дигар ШОУ» дар ЛАВ Радио сарояндаи точик Фаридуни Хуршед карор дошт. Навори видеоии барнома дар сомонахои ичтимои боргузори гардид ва хамаги дар давоми ду руз тавонист 20 хазор маротиба тамошо карда шавад ва микдорашон бошад боз хам зиёдтар мешавад. Навор сару садохои зиёдро ба бор овардааст. Корбарони анкабути чахони зери навор шархху акидаи худро вобаста ба зиндагии сароянда навиштаанд.
Сароянда дар давоми 5 соли фаъолияти эчодии худ, дар сухбатхо бо ВАО сароянда аз саволхои вобаста ба зиндагии шахси дури мечуст. Фаридун аввалин маротиба махз дар эфири лав радио дар бораи зиндагии пасипардагии худ сухан гуфт. Хотиррасон мекунем, ки собик хамсари Фаридуни Хуршед, ситораи эстрадаи точик, духтари сарояндаи машхур Сураё Косимова ва хохари Шабнми Сураё – Фарзонаи Хуршед буд. Дар бораи сабаби чудошави сароянда сухан нагуфта бошад хам, икрор шуд, ки кудакон холо бо модарашонанд ва мо хар хафта ду се маротиба бо кудакон дидорбини мекунем. Фаридун ва Фарзона сохиби ду фарзанд мебошанд.
Фаридун мегуяд дар огоз волидони ман зиди хонадоршави бо сароянда буданд, вале каме баъдтар, баъди таввалуди кудаки аввалинамон Закия, ба такдир тан доданд, ба мисли фарзандон. У мегуяд кудакон хурд хам бошанд, лекен дарк мекунанд, ки волидон якчо нестанд.
Наворро аз рафти барнома метавонед дар фейсбук  ва Instagram дар сахифаи расии Лав Радио Точикистон тамошо намоед ва рузхои наздик дар YouTobe дар шабакаи Имшаб Чаннел низ дастрас хохад шуд.
Хотиррасон мекунем барномаи «Дигар ШОУ» лоихаи чадиди шомгохи  дар Лав Радио буда, хар рузи кори аз соати 17:00 то 19:00 дар эфир пахш мешавад. Ровигии ин лоихаро ман Фаридун Хайруллозода бар ухда дорам.

Манбаъ: Love Radio TJ



20-07-2018, 15:37       3 709 просмотров

Поделитесь с друзьями:


Похожие новости