Овозхон кист?, ва ё сароянда кист?

Овозхон кист?, ва ё сароянда кист? 
Ин саволе хаст, ки холло ба у чавоб ёфтан мушкил аст зеро як назар кунед ба атрофи худ пур аз овозхон аст. Ман ба иззати нафси касе расидани нестам, аммо вакти он расид, ки доир ба вазъи хозираи санъат сухан кунем.
Аз соли 1994 то соли 2008 овозхонро чомеа тавлид мекард бо мурури замон пайдар пай яке паси дигаре ба сахна меомад. Соли 1996 Садриддин Наджмудинов ба сахна омад ва то соли 2000 - ум тавонист истеъдоди фавкулодаи худро нишон дихад ва ба у даст дод то ба имруз мавкеъи худро нигох дорад. Дар охирхои саддаи XX Манижаи Давлат, Сирочиддин Фозилов ба сахнаи хунар омаданд ва тавонистанд мавкеъи худро то ба хол касб намоянд. Дере нагузашта дигарон низ омаданд аз паси хам аз кабили Бахром Гафури, Шабнами Сурайё ва боз соли 2006 яке паси дигаре Мехрубони Рафшан, Сухроби Сафарзод (шодравон), Мухаммадрафеи Кароматулло, Баходури Гафурзод, Чонибек Муродов, Валичон Азизов ва дигарон ба сахнаи хунар ворид гардиданд. Соли 2008 бояд кайд намоем ба сахнаи хунар Нигина Амонкулова низ омад. Ин хоро касе интихоб накард, балки худи чомеа тавлид ва интихоб кард. Сарояндахое, ки то соли 2008 вориди сахнаи точик гардиданд бо як хадафи муян омаданд куркурона интихоб накарданд ин чодаро хатто дар фикри шухрат хам набуданд. Шухратро, ки медихад худи халк ва боз, ки мегирад худи халк. Агар мо дар бораи мавкеъи овозхонхо бигирем овозхонхое, ки фидои санъат хастанд барои чомеа мехонанд дарди чомеаро мегуянд онхо хечгох таклид накарданд ва нагуфтанд мо бояд Ахмад Зоир бишавем ва ё Кароматуллои Курбон чун медонистанд худ хечгох бо таклид Ахмад Зоир ва Кароматулло шуда наметавонанд, онхо худро чустанд хамин худ чуи буд, ки то имруз халк эътироф мекунад.
Овозхононе, ки имруз пайдо мешаванду пагох нопадид, ин хамон таклид карданхо, бе хадаф будан, шухрат парастидан, чехраи аслии худро гум кардан, куркурона ба руи сахан омадан, дарди халкро нодида гирифтану барои худ хонданхо аст.
Сахна чое нест, ки барои худ хони, сахна хам интихоб мекунад.
Садриддин Наджумиднов - оё ба касе таклид кард; 
Манижаи Давлат - магар бо садои худ намехонд; 
Мехрубони Рафшан - гарчи имруз дар сахна нест, аммо садояшро касе фаромуш кардааст; 
Сухроби Сафарзод - садояш Муинвор буд, оё мову Шумо дар садои у харкатхои у сабки Муинро медидем;, 
ва дигар овозхононе, ки чомеа тавлид кард, хар як аз ин сарояндахо устодони худро доранд, аммо хечгох коре, ки устодашон мекард онро накарданд чун хар як амал аз чониби як нафар зеб медихад чи садо бошад, чи харакатхо.
Имруз чи моро хамин таклид карданхоямон мекушад.
Сахна чое нест, ки ба хости худ хони, сахна чое аст, ки конуни нонавиштаи худро дорад.
Агар сахна туро написандад имруз хасти фардо фаромушад мекунад.

4-12-2018, 02:24       3 549 просмотров

Поделитесь с друзьями:


Похожие новости