ШАВҲАРШАВАНДАИ САБРИНАИ НАЗРӢ КИСТ?

Бонуи зеботарини кишвар, королеваи инстаграм, ободкунандаи тӯю маҳфилҳо, Сабринаи нозанин, ҷашни арӯсӣ дорад. Бино ба гуфтаи худи Сабрина, домод, Абдулло ном дошта, соҳиби яке аз «Barber- shop»- ҳои машҳури Душанбе буда, шогирдони зиёде дорад. 


“Ману Абдулло тақрибан 7- моҳ пеш бо ҳам ошно шудем. Шавҳари ояндаам хеле марди меҳрубон аст. Ӯ ба ман қавл дод, ки барои кору фаъолиятам монеъ нахоҳад шуд. Мо бо розигии волидонамон ба ҳам фотиҳа шудем ва тӯйи арусиамонро шоми 23-юми декабр дар яке аз тарабхонаҳои зеботарини кишварамон “Яккасарой” баргузор мешавад. Нақша дорем, ки моҳи асалро дар шаҳри Дубай гузаронем”, мегӯяд Сабринабону.



Мо ба ин ҷуфти ниҳоят зебо бахти сафед орзумандем. Умед дорем, ки Сабрина ва Абдулло то соли дигар соҳиби фарзанди дӯстрӯяке гашта, мову шуморо ба гаҳворабандон даъват мекунанд.  





24-12-2020, 01:21       9 495 просмотров

Поделитесь с друзьями:


Похожие новости