ҶУФТИ СОЛ БА МУРОД РАСИДАНД

Шоми 23 – юми декабр ҷашни арӯсии ду ҷуфти зеботарини сол Сабринаю Абдулло дар тарабхонаи “Яккасарой” баргузор гардид. Аксу видеоҳо аз маросими туйи бону Сабрина дар тамоми шабакаҳои интернетӣ давр мезанад ва ҳамагӣ эшонро ба муносибати баргузории тӯйи арӯсӣ табрику муборакбод мегуфтанд. 
 


Дар ин шоми гуворо барои табрики ин ҷуфти муносиб, тамоми сарояндаҳо ва ровиёни машҳури ҷумҳӯрӣ аз ҷумла Фарзонаи Хуршед, Зулайхо Маҳмадшоева, Фирӯза Ҳафизова, Дилшоди Файзулло, Фаридуни Хуршед, хайриддини Шариф, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Шабнами Собирӣ, Бахтовари Бобоҷон, Баҳриддини Сабур, Рафаел Гулов ва дигар нафарони шинохтаи “Шоу-Бизнес” ба табрики онҳо омада буданд.

Маросими издивоҷ дар сатҳи олӣ баргузор шуд. Тамоми меҳмонону нафарони дар туй ширкат дошта, Сабринаву Абдуллоро ҷуфти зеботарин сол номиданд.

Ногуфта намонад, ки Сабринаи Назрӣ тӯлли 7 соҳ бо Абдулло муносибати ошиқона дошт ва бо розигии ҳамдигар онҳо ба муроди дил раисданд. Ба гуфтаи худи Сабрина домод соҳиби яке аз «Barber- shop»- ҳои машҳури Душанбе буда, шогирдони зиёде дорад.


25-12-2020, 01:12       2 133 просмотров

Поделитесь с друзьями:


Похожие новости