Шитобед! Шабнаму Фарзона дар Хуҷанд консерт медиҳанд



Нархи расмии билетҳои ду консерти овозхонҳои шинохта Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд 100 ва 200 сомонӣ муқаррар шудааст.
Вале мухлисон мегӯянд, ки билетҳоро аз даст алакай бо нархи 300 сомонӣ мехаранд. Ин ду консерти Шабнаму Фарзона дар Хуҷанд рӯзи 2 декабр баргузор мешавад.
Рӯзи 2 декабр, соатҳои 12 ва 16 дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ду ситораи эстрадаи тоҷик хоҳарон, Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ду консерт доир мекунанд.
Таблиғи консерти ин ду овозхони шуҳратёр боиси боло рафтани нархи билетҳояш дар шаҳри Хуҷанд гардидааст. Масъулини консерти Шабнам ва Фарзона, ки рӯзи 22 ноябр аз Душанбе ба хабарнигорон гуфтанд, ки нархи билет барои қатори аввал, яъне ҷойи ба саҳна наздик барои як одам 200 сомонӣ ва қаторҳои боқимонда 100 сомонӣ муқаррар шудааст.



Аммо мухлисони ин ду овозхони шинохта мегӯянд, ҳатто бо арзиши 300 сомонӣ билет харидорӣ кардаанд.
Наргис Норова, як мухлиси ин ду овозхон рӯзи 22 ноябр ба хабарнигорон гуфт, ки таронаҳои Шабнамро дӯст медорад аз ин хотир аз кассаи Кохи Рӯдакӣ ба 300 сомонӣ ба қатори якум, ҷойи ҳафтум билет харидааст. Ҳамсуҳбатамон илова кард, ки барои ӯ арзиши билет муҳим нест ва омода аст, ки ба 1000 сомонӣ билет харад ва ба консерт равад.
Саволе ба миён меояд,ки фурӯшандагони билетҳои консерт аз ҳисоби Шабнаму Фарзона чӣ қадар пул кор мекунанд? Ва ин амали фурӯшандагони билети консерт мухлисони дасташон аз нигоҳи иқтисод кӯтоҳтари ин овозхонҳоро дилшикаста намегардонад?
Ин дарҳолест, ки дар шаҳри Хуҷанд тайи ду соли охир консерти Шабнаму Фарзона дар алоҳидагӣ доир нагардид ва ин овозхонҳо танҳо дар чорабиниҳо ҳунарнамоӣ карданд. Аз ин хотир талаботи мухлисон ба консерт зиёд гардид ва нархи билети консерт низ якбора боло рафт.



Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед – духтарони овозхони шинохтаи тоҷик Сурайёи Қосим дар ҳоли ҳозир аз пуртарафдортарин ситораҳои эстрада дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Шабнами Сурайё ҳамин тавр, дар байни зодагони Афғонистону Эрон низ садҳо ҳазор мухлис дорад ва ҳар таронаи ӯ дар Интернет дастикам як миллион тамошобин ҷамъ мекунад.
Шабнами Сурайё соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000 ба ҳунарнамоӣ оғоз кард ва хеле зуд ба яке аз ситораҳои раддаи аввали эстрадаи тоҷик табдил ёфт.
Фарзонаи Хуршед 11 июли соли 1989 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ дар соли 2008 нахустин консерташро баргузор кард. Дар соли 2010 Фарзонаи Хуршед барои кумак ба фирори як гумон ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар матбуот Фарзонаро он замон «маҳбуси ишқ” ном карданд.



Фарзонаи Хуршед дар соли 2014 ҳамроҳи Шабнами Сурайё сафари Ҳаҷ кард ва ҳамон сол бо овозхони дигари шинохтаи тоҷик Фаридуни Хуршед издивоҷ кард. Фарзонаву Фаридун ду фарзанд – як духтар бо номи Закия, ки соли 2015 ба дунё омад, ва як писар бо номи Муҳаммад доранд, ки моҳи августи соли 2016 таваллуд шуд.
Аҳли ин хонаводаи ҳунарманд – Сурайёи Қосим, Шабнами Сурайё, Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед ҳафтаи гузашта таронаеро бо номи «Пешвои миллат” дар васфи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон вориди бозор карданд. Ин тарона бар пояи манзумаи «Дар ситоиши Пешвои миллат”-и Ниҳонӣ навишта шудааст. Ниҳонӣ тахаллуси вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода буда, ин манзумааш моҳи июн аз ҷониби ҳафтаномаи «Тоҷикистон” ҷоизаи «Беҳтари шеъри сол”-ро ба даст оварда буд.

25-11-2017, 00:48       1 584 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости