“Гурезаҳо”-и тоҷик Ҷеки Чанро қоил карданд



“Гурезаҳо” кистанд?
“Гурезаҳо” аввалин филми тоҷикӣ аст, ки дар жанри комедия-боевик ба навор гирифта шудааст. Акмал, қаҳрамони асосии филм ба Ганҷина  ном духтараки зебое ошиқи шайдо аст, вале маҳбубаи сангдилаш дар назди ӯ шарт гузошта мегӯяд, ки агар дар бадали як шабонарӯз дар маркази шаҳр хонаи сеҳуҷрагӣ ва мошини қиматбаҳо харида тавонад, ба издивоҷ розигӣ медиҳад, дар акси ҳол метавонад ӯро фаромӯш кунад. Акмал чунин имконият надорад, аз ҳамин сабаб аз алам қасди худкушӣ мекунад, вале дар болои пуле, ки мехост аз он ҷо худро ба дарё партояд, тақдир ин ҷавони ошиқро бо Табар ошно месозад.
Табар бачаи содадили деҳотӣ буда, бо ҳавои ишқ ба шаҳри Душанбе омадааст, вале ӯро бераҳмона ғорат мекунанд. Чораи дигар наёфта, ин ҷавон низ қасди худкушӣ мекунад. Акмал ва Табар сарнавишти худро ба ҳамдигар нақл карда, ба хулосае меоянд, ки мушкилоти асосии ҳардуи онҳо пул аст ва агар якҷоя кор кунанд, метавонанд ба муроди дилашон бирасанд. Ду ҷавони аз мушкилоти зиндагӣ саргумзада роҳи осони пулёбиро ҷуста даст ба дуздӣ мезананд ва аввалин мошини пешомадаро ба яғмо мебаранд. Мошин моли як гурӯҳи ҷинояткор буда, дар боғоҷаш як санги бисёр  қиматбаҳое ҳаст, ки чанд миллион доллар арзиш дорад. Барои ба даст овардани ҳамин санг мафия аз пушти ин ду ҷавон мешавад ва онҳо маҷбур мешаванд, ки рӯ ба гурез бисёранд. Бо ҳукми тасодуф ба ин ду ҷавони гуреза дугонаи наздики маҳбубаи сангдили Акмал Лола низ ҳамроҳ мешавад. Лола ва Ганҷина дугонаҳои ҷонӣ бошанд ҳам, хислатҳояшон аз ҳамдигар комилан фарқ мекунад.  Ганҷина ҳамеша аз паси боигарӣ медавад, Лола бошад, дар талаби ишқи пок буда, тайёр аст барои шахси дӯстдоштааш ҳатто ҷони худро дар хатар гузорад.
Хулоса, филм бисёр ҷаззоб ба навор гирифта шуда, тамошобинро ҳам механдонад, ҳам ба ҳайрат меорад ва ҳам ба даҳшат меафканад. Махсусан саҳнаҳои задухӯрд дар он ин филм бисёр табиӣ ва ҷолиб рӯйи навор омадаанд. “Гурезаҳо”-и тоҷик ба мисли Ван-Дам ва Ҷеки Чан ҷангида, тамошобинро бовар мекунонанд, ки тоҷикон ҳам дар санъати ҷанг аз амрикоиву чинию куриёгиҳо монданӣ надоранд.



Аввалин будан душвор аст, вале…
Акмал Ҷумаев аввалин коргардони тоҷик аст, ки дар жанри комедия-боевик филм ба навор гирифтааст. Азбаски офаридани филмҳои моҷароҷӯёна хароҷот ва заҳмати зиёдеро талаб менамояд, касе то имрӯз ба ин жанр рӯ наоварда буд. Бояд зикр намуд, ки дар баробари маблағи зиёд комедия-боевик боз чанд мушкилоти дигар низ дорад: сенарияи ҷолиб ва пур аз ҳангома, пайдо кардани ҳунармандоне, ки ҳам маҳорати мардумро хандондан дошта бошанд ва ҳам ҳунари ҷанговарӣ, ёфтани танзимгари хубе, ки тавонад саҳнаҳоро моҳирона бо эффектҳои махсус пайваста, филмро ҳаматарафа такмил диҳад…
Хулоса, офаридани филми моҷароҷӯёна саду як мушкилот дорад, аз ҳамин сабаб то кунун касе аз коргардонҳои тоҷик ба ин жанр даст назада буд.  Албатта ягон кор бе камбудӣ намешавад ва филми “Гурезаҳо” низ баъзе ноқисиҳо дорад, вале он ки коргардони ҷавон Акмал Ҷумаев ҷуръат карда, бе ягон сарпараст, танҳо бо қувваи худ филми моҷароҷӯёна офаридааст, худ шоёни таҳсину офарин аст.
Ногуфта намонад, ки Акмал Ҷумаев дар баробари коргардон будан, муаллифи сенарияи филми “ Гуезаҳо” низ ҳаст. Дар навиштани филмнома ба Акмал Дӯстмурод Шарипов ва Алишер Равшанов кӯмак расонидаанд.



Дӯстмурод Шарипов:
Барои пирожки пул мепартофтему…

-Пеш аз сабти филм барои дастгирӣ ба чандин ширкатҳои мобилӣ мактуб навиштем, вале аз санг садо буду аз онҳо не. Пайдо нашудани ягон сарпараст албатта моро ғамгин кард, вале ин мушкилот натавонист иодаи қавии коргардони филм Акмал Ҷумаевро шиканад. Вай пеши худ мақсад гузошт, ки бо кадом роҳе, ки набошад, албатта “Гурезаҳо”-ро ба навор мегирад ва тамоми хароҷоти филмро ба зиммаи худ гирифт. Ҳолатҳое мешуданд, ки Акмал тамоман бе пул мемонд ва мо мисли дӯстони ҷонӣ барои хӯрдани пирожки ё роҳкиро дастаҷамъона пул мепартофтем,-мегӯяд бо табассум Дӯстмурод Шарипов, ки дар ин филм нақши Табарро офаридааст.

Меҳрангези Убайдуллозода:
Наворбардор талхакаф  шуд

Қаҳрамони дигари филм Меҳрангези Убайдуллозода лаҳзаҳои сабти филмро ба ёд оварда мегӯяд:
-Ростӣ, вақте ки ман хабари кастинги филми “Гурезаҳо”-ро фаҳмида аз ноҳия ба шаҳри Душанбе омадам, боварӣ надоштам, ки аз озмун мегузарам, чунки довталабон хеле бисёр буданд. Бахтам хандиду маҳз маро интихоб намуданд. “Гурезаҳо” қариб то охир аз давидану паридану ҷангу мубориза иборат аст, вале яке аз лаҳзаҳои ҳассостаринаш баромадани қаҳрамонҳои асосии филм ба ТЕДС аст. Акмал ва Дӯстмурод бо душвориҳои зиёд ба он ҷо баромада, ба ман гуфтанд, ки барои духтар ба чунин баландӣ баромадан имконнопазир аст, биё мо туро бо истифодаи эффектҳои махсуси компютерӣ гӯё ба он ҷо мебарорем, вале ман рад карда гуфтам, ки тамошобинро фиреб кардан аз рӯйи инсоф нест. Дандоншикан бошад ҳам, мебароям. Бовар мекунед, вақте ки ман ба он баландӣ баромадам, наворбардори филм Бурҳон Сафаров талхакаф шуд. Вай аз он ҳарос дошт, ки ман аз он баландӣ меафтаму ҳамаашон дар бало мемонанд…

 

Алишер Равшанов:
Қариб корамон ба милиса меафтид…
-Вақте лаҳзаҳои зарбу латро сабт мекардем, яке аз бачаҳоямон аз зарби задан беҳуш шуд. Сабтро як тараф гузошта, ӯро ба беморхонаи “Ёрии таҷилӣ” бурдем. Духтурҳо моро авбош гумон карда, талаб намуданд, ки баёнот нависем, ки чаро ӯро задем. Қариб буд, ки аз рӯйи ин филм корамон ба милисаю суду прокурор афтад,-мегӯяд бо табассум Алишер Равшанов, ки қаҳрамонҳои асосии филми “Гурезаҳо”-ро думболагирӣ мекунад.

 Акмал Ҷумъаев:
Ҳамдигарро чунон задем, ки..
-Дар филми “Гурезаҳо” якбора 3 жанр истифода шудааст: боевик, мазҳака ва мелодрама. Дар Тоҷикистон бори аввал аст, ки филм дар чунин жанр сабт карда шуд.  Формати кино ба талаботҳои ҷаҳонии синамо ҷавобгӯй аст. Ҷои пӯшида нест, ки филмҳои моҷароҷӯёнаро бидуни занозанӣ ва мубориза тасаввур карда намешавад.  Барои он ки саҳнаҳои филм табиӣ ва зинда бароянд, ман бачаҳоро маҷбур мекардам, ки дар ҳақиқат якдигарро зананд. Дар як ҷои филм ману Алишер ба образ даромада, якдигарро чунон задем, ки баъди сабт муддати як моҳ аз ҷоямон хеста натавонистем. (Механдад)

 Лола Файзуллоева:
Аз паси пул давида танҳо мондам
Маро тариқи кастинг ба ин филм гирифтанд. Танҳо баъди аз озмун гузаштан фаҳмидам, ки ман бояд нақши як духтари зебоеро бозам, ки ошиқи пулу мол аст. Акмал ба ман ошиқи зор аст, вале ман аз ӯ хона ва мошин талаб карда, ба сари ошиқи бадбахтам балоҳои бисёреро меорам. Бо “шарофати” шарти мани беақл Акмал пас аз муборизаҳои зиёд соҳиби пулу мол ва хонаю мошини қиматбаҳо мешавад, вале дугонаи наздикам ӯро аз ман мерабояд. Самимият ва ҷонфидоии Меҳрангезро дида, Акмал ба ӯ ошиқ мешавад ва аз ман рӯй метобад. Шояд тамошобинон пас аз дидани “Гурезаҳо” ба ман нафрат намоянд, вале як чизро бояд бигӯям, ки дар асл ман духтари пулпараст нестам. Мақсад аз офаридани чунин образ дар он аст, ки духтарон ба васвасаи пулу моли дунёӣ дода шуда, аз ишқи пок рӯй натобанд ва мисли Лола дар зиндагӣ танҳо намонанд,-мегӯяд гунаҳкори ҳама кашмакаш ва гурезогурези қаҳрамонҳои филм Лола Файзуллоева, ки нақши Ганҷинаро мебозад.

 

“Гурезаҳо” диққати сайёҳонро ҷалб месозад, агар…
Чизи дигаре, ки дар филми “Гурезаҳо” тамошобинонро ба ваҷд меорад, манзараҳост. Офарандагони ин филм шаҳри Душанберо чунон зебою дилкаш ба навор гирифтаанд, ки аз Париж ва Лондон монданӣ надорад. Қаҳрамонҳои филм бо лаҳҷаи мардуми минтақаҳои гуногуни кишварамон басо ширин гап мезананд. Ин тарзи гуфтугӯи қаҳрамонҳо размӣ буда, ба ваҳдати мардуми тамоми манотиқи Тоҷикистон ишорат менамояд.
Филми “Гурезаҳо” дар формати ба талаботи кинои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй 4К ба навор гирифта шудааст. Дар сурати роҳ ёфтани ин филм ба фестивалҳои байналмилалӣ “Гурезаҳо” метавонад диққати сайёҳони хориҷиро ба кишвари мо ҷалб намояд.

Фирӯза Сатторӣ
Маҳинаи Давлат

5-02-2018, 09:15       677 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости