“Намеша”- и Садриддин чӣ шуд?

“Намеша”-таронаи тозатарину тозаэҷоду ҷадиди сарояндаи маҳбуби мо Садриддини Наҷмиддин, ки чанде қабл дар кӯчаву хиёбонҳои зебову афсонавии кишвари Амрико рӯйи навор омадаву дар торномаи шабакаҳои интернетӣ, ба вижа Фейсбуку Ютубу Однокассиниву дигар сомонаҳо ҷилваи ҳунари ин хонандаи дӯстдоштаниро ба ҷилва овард, қалби миллионҳо ҳаводорони санъати волои ӯро тасхир намуд. Воқеан ба иқрори мухлисону дӯстдорони санъати асил, таронаи “Намеша” –и Садриддин як кори наву сабку услуби сурудани вижа дар феҳристи ситораҳои шоу-бизнеси гетӣ буда, мақбули ҳамагон шудааст. Садриддини Наҷмиддин аз он қабил овозхонони шуҳратёри на танҳо Тоҷикистон, лобал ҷаҳон аст, ки бо садову тарзи хоси сурудхонӣ ва шеваю лаҳну таппиши замзамасозӣ, ҳамтову ҳамоварде дар миёни ситораҳои мардинаи кишвараш назир надорад. Феълан Садриддин дар Амрико ба сар мебарад ва кору эҷодаш ҳам ун ҷо сурат мегиранд. Ба далелу дастаки гуфтаҳои шоҳидон, ин сарояндаи номӣ дар зарфи ҳар се моҳе як таронаи наву гуворо таълиф намуда, ба саҳми роғибонаш мерасонад. “Руъё” ва “Ҷигари ман” низ аз он шумор сурудаҳои олии Садриддини Наҷмиддин буда, дар зарфи хеле кӯтоҳ ба дили бинандаву шунавандааш маъвову манзилу маскан гирифтанд, ки наметавон аз ин боб ҳам ногуфта гузашт, чаро ки таронаҳои мазкур ҳам дар кишварҳои хориҷ клип шудаву бо рангу ороиши зебову нафис тариқи чашми дурбину хушбини дастгоҳҳои наворбардории муосир ба пардаи синамо дароварда шуда, ки аз тамошои он чашмҳо роҳату аз шуниданаш гӯшҳо ҳаловат мебаранд. Садриддини Наҷмиддин аз камтарин сарояндаҳои жанри ҷаҳонии эстрадӣ аст, ки солҳои ахир аксаран таронаҳояшро дар хориҷа, хоса дар Амрико ба шакли клип даровардаву манзури мухлисонаш медорад. Садриддини Наҷмиддин аз он қабил хонандаҳои фаъолу меҳнаткашест, ки хеле бармаҳал, саҳеҳтараш дар синни 14-солагӣ ба саҳнаи касбиву майдони бекаронаи мусиқӣ ворид шуд ва аз ҳамон ҳину ҳангом чун овозхони ҳирфаӣ шинохтаву писандида гардидааст. Ба иқрори мутахассисону коршиносони соҳа, ӯ аз мактаби бузурги операхонӣ ҳам гузаштаву бад-ин тариқу тартиб ҳунару истеъдодашро сайқал додааст. Садриддин дар самти зиндахонӣ, “бидуни фонограмма” низ маҳорату малакаву ҳунари асил дорад. Кору ҳунару эҷоди ӯ дар ҳоли ҳозир равишу равияи наву зебоеро доро буда, дар ҳоли рушду густариш аст. Садриддини Наҷмиддин тӯли солҳои рӯйи саҳна буданаш, як репертуари ғание эҷод намуда, сурудаҳояш писанди ҳамагон гаштаанд. Хоса таронаи “Чил-чил садои борон” ӯро ба саҳна оварду маҳбубу маҳшур сохт. Ҳамзамон ӯ аз мактаби бузурги сарояндаҳои маҳбуби ҷаҳонӣ монанди Кароматулли Қурбон, Субҳони Саид, Аҳмад Зоҳир, Зулфиқори Азиз ва даҳҳои дигар низ истифода бурда, имрӯз худ соҳибмактаб аст. 

Таҳияи Лутфуллои Азиз








9-04-2018, 19:06       2 590 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости