101- сири пинҳонии Меҳрафрӯз Неъмонзода

Саннаи 11-уми июн меҳмони “Онлайни”-и пабликчати “Оила” бонуи зебо, бонуи овозадор, бонуи дилу дида ва қаламкаши моҳиру суханпарвар, оне ки хурду калон мешиносанду дӯсташ медоранд Меҳрафруз Неъмонзода буд.

 Меҳрафрӯз  сардабири рӯзномаи “Зан ва Мард” аст ва ҳамагон мақолаҳои рангини ӯро ҳар ҳафта сатр ба сатр мутолиа менамоянд. Дар ҳақиқат Меҳрафрӯз ба серкорияш нигоҳ накарда, меҷаҳад, меҷӯяд ва меофарад. Соҳиби оилаи обод ва модари се фарзанди дилҷу аст.
Инак, сӯхбати онлайнии мо оғоз мегардад. Мутаваҷҷеҳ бошед!

 Меҳрафрӯзи азиз! Бори дигар аз номи кулли хонандагони пабликчати “Оила” хушомадед мегӯем.

— Сарбаланд бошед. Умед мебандам, ки аз мутолиаи сӯҳбати мо муштариёни шумо дилгир нахоҳанд шуд.



Савол:- Барои зан модар мушкил нест, ҳам вазифаи роҳбарии як ҷаридаи бонуфузро ба ӯҳда доштану модари се фарзанди хурдсол будан, охир ин ҳама масъулият талаб мекунад?
Гулбарг. Н. Хуросон

Ҷавоб:- Ташаккур Гулбарг, хоҳари азизам. Албатта, ки душвор аст, чун фарзандони ман ҳанӯз хурданд, яке 6 солу дигари 4 сол ва саввуми 2 сол доранд. Аммо аз мушкилиҳо ноумед намешавам ва то ҷон дар бадан дорам барои расидан ба ниятҳои некам, ки хеле зиёданд, кӯшиш мекунам. Ноумеди хоси ман нест ва омодаам ҳамеша ранҷ кашам, аммо оянда муваффақ шавам. “Бе ранҷ ганҷ ба даст намеояд”-гуфтаанд.

Савол:- Мо як гурӯҳ муҳоҷирон аз шаҳри Краснодар. Меҳрафрӯзро зиёд дӯст медорем ва барномаҳои рангинашро аз шабакаи Ютуб тамошо мекунем. Заҳмати пайвастаи ин зани гироми моро водор сохт, ки аз ӯ дар ин фурсати қулай саволе бипурсем: Бо шавҳараш якҷоя зиндагӣ мекунад ё ҷудо шудааст?
Гуруҳи муҳоҷирон

Ҷавоб:- Ташаккур ба ин бародарони азиз, ки имрӯз нигоҳ накарда ба тамоми мушкилиҳо дар муҳоҷират ба хотири оила ва пайвандонашон заҳмат мекашанд. Худованд шуморо нигаҳбон бошад.
Ростӣ, ин савол ҳар лаҳза ба сомонаҳоям ирсол мегардад, бисёриҳо дар бораи оиладор буданам пурсон мегарданд ва ман ҳайрон мемонам, чаро зиндагии шахсиям барои дигарон мавриди тавҷҷӯҳ қарор гирифтааст?  Ба ҳар ҳол посух ҳамин аст, ки оиладорам, бо шавҳарам зиндагӣ дорам ва мо якҷо кор мекунем. Соҳиби се фарзанд ҳастем, шукр, ки гилла надорам.

Савол:- Апаҷони азиз! Мехоҳам донам, ки Меҳрафрӯз изҳори муҳаббати як одам оддиро чи гуна қабул медорад? Боварӣ дорам, ки ошиқони ин бонуи зебо кам нестанд?
Ҷовид, маҳалаи Испечак



Ҷавоб:- Ташаккур Ҷовид,  додари азиз! Бале, смс -паёмакҳои ошиқона зиёд қабул мекунам ва ҳар лаҳза тавре гуфтам ин ё он нафар дарди дил мекунад, аммо қалби ман аллакай соҳиб дорад. Наметавонам дар он дили кӯчак муҳаббати чанд нафарро ҷой намоям. Ман ҳамеша ошиқам ва ошиқ мемонам, зиндагиро бе муҳаббат ҳатто тасаввур карда наметавонам.

Савол:- Салом Меҳрафрӯзҷон. Ташкил намудани силсилаконсертҳо кори осон нест. Боре дар чунин барномахои консертӣ қарздор шудаед ва гар махфи набошад ошкоро ҳарф мезадед?
Адолати  Хуҷандӣ.

Ҷавоб:- Зинда бошед, хоҳари азиз!
Бале, дуруст гуфтед, ки ташкил ва баргузор намудани силсилаконсертҳо  осон нест, аммо муҳаббат аст ва ё чизи дигар, ки маро ором намегузорад ва равонаам месозад барои ташкил кардани барномаҳои фарҳангӣ. Худ саньатдӯст ҳастам ва бародарони санъаткор дорам ва дар муҳити саропо савту наво камол ёфтаам, аз ин рӯ, аз қарздор шудан ҳарос надорам ва ноумед намешавам. Тавре гуфтам дилшикастагиву ноумеди хоси ман нест, зеро ман ба ҳар нияте оғоз кунам, ҳатман комёб мешавам. Дар мавриди қарздор шудан ҳаминро гуфтаниям, ки дар як сол, яъне соли 2017 ман 5 барномаи консерти ташкил кардам, ки 2 консерташ бохтан буд. Яъне қарздор шудам. Аз яке 8000 аз дигаре 20 000 сомонӣ буд.


Савол:- Салом Меҳрафрӯзбону. Хеле шодам, ки аз зиндагиву шебу фарозҳои кориятон ба мо хонандагон қисса мекунед. Чунин як зани хушбахтро дар зиндагӣ чӣ руҳфафтода месозад?
Шоира, н Панҷ

Ҷавоб:- Шоираҷон зинда бошед. Ман аслан аз ташвишҳои кориву зиндагӣ эҳсоси хастаги намекунам, чун ҳаёт мубориза аст ва майдон аз далер мегӯянд. Ман ҳамеша бар зидди нокомиву ноҷуриҳо меҷангам ва мубориза мебарам. Аммо як хислати инсонҳо маро руҳафтода месозад, медонед чӣ? Вақте мебинам зане ва ё марде худ ҳунар надорад, истеъдод надорад ва ҳатто ҷасорат надорад ва кӯшиш низ намекунад, вале муваффақияти каси дигарро дида наметавонад, ӯро бадгӯи мекунад, ғайбат менамояд ва тӯҳаташ мезанад,бисер ғамгин мешавам ва ояндаи фарзандони онҳоро норӯшан номаълум ва нохуб тасаввур мекунам.

Савол:- Ман як ҷавони ошиқ Тиллозода Шарифҷон аз шаҳри Панҷакент. Бори аввале, ки акси зебои хонум Меҳрафрузро дидам, ошиқи зораш гаштам. Тамоми барномаҳояшро дар телефонам ҷамъ овардаам. Сухани ширину хандаи зебояш маро ошиқтар гардонидааст. Шояд Меҳрафруз соҳиби оилаи обод бошад ва ё шояд ба изҳори муҳаббати ман боварӣ надошта бошад вале қасам мехӯрам, ки дӯсташ медорам ва ғоибона барояш месӯзам. Вақте инсон дӯст дошт барояш фарқ надоштааст, ки оиладор аст ё соҳиби фарзанд. Муҳим дар паҳлӯи ӯ будан барои мани ошиқ хушбахтист. Агар модарамро ба хонаатон хостгор фирристам қабул мекунед? Мунтазири ҷавоби дақиқи бону Меҳрафрӯзам.

Ҷавоб:- Ташаккур, аз лутфатон бисёр шодам Шарифҷон. Аммо ман оиладорам ва соҳиби се фарзанд. Бо шавҳарам зиндагии ором дорем. Беҳтараш шумо истеъдод ва ҳунари маро қадр кунеду ба хотири барномаҳоям ва навиштаҳоям дӯстам доред, зиёда аз ин не. Чун тамоми заҳматҳои ман, ки ранҷу машакққат ва асабонияту ташвишҳои он пушти парда мемонанд, барои фароғати шумост. Шумо намедонед барои сабти як барнома ман чӣ қадар мушкилиҳоро таҳаммул мекунаму пушти сар менамоям. Пас ошиқи барномаҳоям бошед.

Савол:- Барои Меҳрафрӯз дар зиндагӣ чӣ мухимтар аст: Пулу мол,  бахти оилавӣ ва ё машҳур будан?
Саид, ш. Норак



Ҷавоб:- Барои ҳар инсоне, ки каме фарҳанг дорад, савод дорад ва сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонад, фикр мекунам оила дар ҷои аввал меистад. Пулу мол наметавонад инсонро хушбахт созад. Машҳур будан барои ман як зани шавҳардор умуман лозим нест, асос зиндагӣ ва фарзандонам аст. Хандаи онҳо бароям сарват аст обрӯ аст хушбахтӣ аст. Шумо тасаввур карда наметавонед, ки ман чи қадар азобҳоро, пастиҳоро, нокомиҳоро дар зиндагии кӯтоҳам аз сар гузарондам. Агар бароям пул муҳим мебуд сабр пеша намекардам.

Савол:- Бо шавҳаратон дӯст дошта оиладор шудед ё шаби тӯй ҳамдигарро дида ошиқи ҳам гаштед?
Шарофат, н Рудакӣ

Ҷавоб:- На, мо ҳамдигарро намешинохтем ва муносибату робита низ надоштем. Аз рӯи як аксам ӯ хостгорам шуд ва рӯзи шанбе хостгорон омаданд, шанбеи дигар тӯй шудем. Аммо пеш аз туй мо, албатта вохӯрдем, ман шартҳоямро гузоштам ва ҳунарманд будану набуданамро гуфтам.

Савол:- Чи қадар зебоед ки агар солиёни сол васфатон кунам камаст апаҷон. Оё рост аст, ки Меҳрнигори Рустамро бо шумо нофаҳмие байнатон пайдо шудааст.То куҷо ин овозаҳақиқат дорад ?
Рухшонаи Маҳмад, аз ноҳ Панҷ.

 Ҷавоб:- Ташаккур, Рухшона. Воқеан миёни ману Меҳринигор не, балки модараш як моҷарои кори шуд дар моҳи март, аммо имрӯз бо онҳо мушкиле надорам. Меҳринигорро эҳтиром мекунам, аслан ман қадр мекунам ҳама инсонҳоеро, заҳматкаш ҳастанд.

Савол:- Зиндагии як бонуи чираддасту кордон имрӯзҳо чи гуна ҷараён дорад. Боре шудааст, ки андешаи тарки кор ва аз дунёи рӯзнома саркашидан хаёлотатонро олуда гардонида бошад?
Шарифамоҳи Баҳодур, н. Панҷ



Ҷавоб:- Ташаккур бонуи азиз. Бале, пинҳон намекунам, аммо чунин ҳолатҳо як соли ахир зиёд буд. Дар хаёл буд тарки кор не, балки бастани рӯзномаҳоям, аммо дил қабул накард ин хаёлро. Сабабаш ранҷу заҳмати бисёр. Ман ки оиладор ҳастаму фарзандони хурдсол дорам ва дар хонаам касе нест, ки пас аз омадани боғча қабулашон кунад, борҳо баъди сарзанишҳои модарам ва хушдоманам хостам фаъолияти корхонаамро катъ намоям, аммо дилам нашуд. Азобҳои барои расидан ба ин зинаҳо дар пеши чашмам мисли навори филм ҷилванамоӣ мекунанд, пас чи гуна тарк кунам? Бовар дорам, ки фарзандонам калон шуданд, ин монеъаҳо дур мешаванд.

Савол:- Меҳрафрӯзҷон боре аз фиреби дӯстонатон дилшикаста гаштаед.  Оё хислати зудбовари дар шумо дида мешавад ё на?
Хоҳари ягонаи шумо Заринаи раштӣ

Ҷавоб:- Салом Зарринаҷон! Бале, вақте ту ба касе бовар мекунӣ, вақте ту роз мегӯи, вақте ту дар пасттарин лаҳза паҳлӯи дӯстат ҳастӣ, аммо ӯ аз касби ту, аз барномаҳои ту ва ё дигар корат суиистифода мекунад, шишаи боварат мешиканад. Ман дили соф дорам, бо ҳама якнавъ муносибат мекунам, инсонҳоро ҷудо намесозам ва дӯстро аз душман фарқ карда наметавонам, яъне зудбоварам.

Савол:-  Апаи Меҳрафрӯз шумо меҳафрӯзандаи дилҳои мо хонандагони нашрияи “Зан ва Мард” ҳастед. Мехоҳам бобати моҷарои байни Шумо ва сароянда Наимҷони Сайдалиро фаҳмам. Ин овозаҳо ту куҷо асос доранд? Чун замоне дар ҷое шунида будам, ки худи Шумо гуфтаед, ки Наимҷонро бародари худ медонам ва бародарвор дӯсташ медорам. Магар ба дӯстии Шумо чашм расид?
Суҳайло, мухлиси қалами Меҳрафрӯзҷон

Ҷавоб:- Бояд бигӯям, ки дар касбу кор ва зиндаги нофаҳмиҳо зиёд мешаванд, беҳуда намегӯянд, ки модарро бо духтар ҷанг мешавад. Ману Наимҷон борҳо ҷанҷол кардаем ва охирон моҷарои мо ҳамаро бовар кунонд, ки мо дигар якҷо кор намекунем, аммо Наимҷонро он қадар дӯст медорам хаёлам ӯ меваи умри падару модарам аст. Ӯ низ маро эҳтиром мекунад ва агар дар Душанбе бошад бе ман ошхӯрӣ намеравад. (Механдад)

Савол:- Овозаи навбати маро хеле нигарон намуд. Чаро бо бонуи санъати тоҷик Фирӯза Ҳафизова судкашӣ намудед. Сабаби қазия чӣ буд ва муфассал онро нақл мекардед, хубмешуд.
Лолаи Саидакбар, корманди ҷарида

Ҷавоб:- Ман бо Фирӯза Ҳафизова то он дараҷае ҷанҷол накардаем, ки суду судкаши кунем. Фирӯзаро аз рӯзи аввали рӯи саҳна омаданаш мешиносам ва эҳтиром мекунам. Аввалин ҳамсӯҳбати ӯ дар журналистика ман будам ва бисёр дӯстам медорад. Дар барномаҳо маслиҳатҳои хуб медиҳад. Миёни мо баъди ҷудои аз шавҳараш моҷаро нашудааст. Аммо соле қабл шавҳараш маро бисёр таҳдид мекард, аз суду прокурор тарс медод, аммо чашмам намепарид. Ман суду прокурорро нав дидам? Кори мо худаш моҷаро аст.

Савол:- Меҳрафрӯз ҳар либосе, ки ба бар менамояд, шинаму зебо ва диққатҷалбкунанда аст. Дизайнери либосҳои Шумо ки аст?
Ситораи кӯйбешӣ

Ҷавоб:- Ман то зинае нарасидаам, ки дӯзандаи махсус ва дизайнери худро дошта бошам. Чун ман як зиндагии одди дорам, ки натиҷаи меҳнатам ҳамаги барои худаму кӯдаконам ба зӯр мерасад. Аксари куртаҳомро худам медӯзам, апаҳоям медӯзанд ва ҳар чизе бар бар мекунам интихоби худам аст.

Савол:- Агар бори дуюм аз модар ба дунё меомадед, чи касбро пеша мекардед?
Довуд, н. Ҳисор



Ҷавоб:- Албатта, ки рӯзноманигор.

Савол:- Боре қасди худкушӣ кардаед? Чун бисёри занонро медонам, ки бо андак мушкилоти рузгор зуд фикри аз байн бурданро мекунанд. Ин фикрҳо дар сари Меҳрафруз давр задааст?
Шамшод. Ш. Данғара

Ҷавоб:- Худо нигаҳ дорад, ман дар зиндагӣ аз чи ва ё ки камам, ки ин фикрҳоро ба сарам роҳ дихам.

Савол:- Меҳрафрӯз сароянда мешудед, ҳоло қатори Шабнами Сурайё ва Зулайхо Маҳмадшоева мешинохтанд. Боре дар пешаи овозхонӣ хунари худро санҷидаед?
Муслима, н. Варзоб

Ҷавоб:- Ба хотири обрӯ ва машҳур шудан ҳаргиз ба коре, ки дилам намекашад, даст намезанам. Ҳарчанд ду бародари овозхон дорам ва дар оилаи мо интихоби касб ва ҳамсар ба худи инсон вогузор аст, аммо касбам касби орзуҳои кӯдакиям аст.

Савол:- Дӯстони Меҳрафруз бо тоифаи мардон зиёдтар аст ё бо занон? Дар чанд ташкили консертҳоятон мушоҳида намудаам, ки дар паҳлӯятон аз ҷинси мард зиёдтар ба чашм мерасанд.
Ганҷина маҳалаи Прафсаюз

Ҷавоб:- Саломат бошед Ганҷина. Бале, дуруст қайд кардед, ки паҳлӯям мардон зиёданд ва аксари дӯстонам мардҳо ҳастанд, чун он корҳоеро ки ман анҷом медиҳам кам занҳо метавонанд ба мушкилиҳояшон тоб оранд.

Савол:- Бо кадом сакрояндаҳо робитаи дӯстӣ доред ва дар дунёи сарояндагон буданро чи гуна шарҳ медиҳед. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки сарояндагон одаму одамгарӣ доранд ё корашон буд шавад намешиносем мегӯянд?
Баҳрулло, корманди бонк

Ҷавоб:- Одамгарӣ дидан ва қадратро донистан аз худи инсон вобастагӣ дорад. Ҳама ҳунармандонро эҳтиром мекунам ва ҳамаашон эҳтиромам мекунанд, ҳеҷ пешниҳодамро рад накардаанд. Зинда бошанд.

Савол:- Номи фарзандони Шумо ?
Лайло, мухлиси “Зан ва Мард”

Ҷавоб:- Муниса, Анис ва Ворис

Савол:- Рақсро дуст медоред? Чаро ин суолро додам, чунки дар туйи арусии Наимҷони Сайдалӣ то охири туй рақсидаед. Шояд шуғли дӯстдоштаи Меҳрафрӯзбону рақс аст?
Адибаи курганӣ

Ҷавоб:- Ташаккур Адибабону. Бале, хурсандиро ки дуст намедорад?
Савол:- Авалан дустии писару духтарро шумо дар чи мебинед ва миёни марду зан дусти хуб аст е ин ки не? Саволи дуюм шумо аз кай боз бо Шаҳзоди Даврон ҳамкори доред?
 Манижа, ш Душанбе

Ҷавоб:- Зинда боши Манижабону. Дусти миени марду зан буда метавонад, ба шарте, ки иродаи мустахкам дошта бошанд, ба кадри худу дусти расида тавонанд.
— Бо Шаҳзод аз соли 2015 ҳамкорӣ дорем. Бисёр ҳунарманди боэҳтиром аст. Аслан ҳама ҳунармандон эҳтиромам мекунанд, нописанди надидам аз ҷониби онҳо.

 Савол:- Аз чӣ метарсед?
Нисо н. Шаҳринав

Ҷавоб:- Аз касеву аз чизе ҳарос надорам ва ба касе имкон намедиҳам, ки маро шикаст бидиҳад. Аммо аз Худо метарсам.

Савол:- Дар ташкилу консертҳои Шумо саҳми беандозаи киҳо чашм рас аст. Бовари дорам, ки инсон бе мутако пеш намеравад?
Ҷинайд н. Мастчоҳ



Ҷавоб:- Маро касе дастгири намекунад дар ҳеҷ корам. Ҳама мушкилиҳо, ҳама шикасту рехти корамро дар танҳои паси сар мекунам. Ман сарпараст надорам ва доштан низ намехоҳам, зеро наметавонам ба ғамхориву дастгирихои сарпараст ман як зани шавҳардор ҷавоб гардонам. Ман ҳамеша қарзи бонки дорам аз рӯи корҳоям ва аз ин ғамгин нестам, чун танам сиҳат бошад, қарзҳоро месупорам, вале пеши касе забонкӯтоҳ нестам.

Савол: — Суоле  дорам,агар Меҳрафрӯзро барои иштирок дар клип пешниҳод кунанд чи гуна қабул мекунад.
Мустафои Раҷабзод

Ҷавоб:- Ташаккур, ман рад мекунам. Чаро дар клип накш бозам? Ба хотири таблиғ? Ё машҳур шудан? Ман ниёз ба реклама надорам чун чандин шохаи рекламавиро худ роҳбари дорам, лозим ояд ҳар лаҳза реклама мекунам. Барномаи “Аз дил ба дил” кифоя аст барои ҷамъ кардани мухлис. Он қадар муҳаббату самимияти халқро аз рӯи ин барнома ба даст овардам, ки дигар хоҷати баромад кардану нақш бозидан нест. 

Меҳрафрӯзбонуи азиз ! Итминони комил дорам ки сӯҳбати гарму самимии Шумо боиси хушнудии хонандагонамон гашт. Хеле миннатдорам аз ин сӯҳбати ошкорову бепарда. Ҳамеша муваффақ ва азизи хонандагони нашрияи «Зан ва Мард» бимонед.

Бознашр аз пабликчати “Оила”

18-06-2018, 17:24       4 265 просмотров

Поделитесь с друзьями:


Похожие новости