Зулайхо боз писар ба дунё овард



Имрӯз 25 июн, соати тақрибан 11 дар таваллудхонаи №1 шаҳри Душанбе маҳбубтарин ситораи эстрада Зулайхо Мамадшоева писари дуюмашро ба дунё овард. 

Бародари бону Зулайхо Ҳавасшоҳ Маҳмадшоев ба хабарнигори сомонаи «Тajikistantimes.com» гуфт, ки Зулайхо Маҳмадшоева тақрибан соатҳои 11-10 тифли дуюми хешро бо вазни 3.400 грамм ба дунё овард. Ба гуфтаи ӯ, табибон вазъи тифли навзод ва модарашро хуб арзёбӣ намуданд.

Баҳриддини Сабур продюсери Зулайхо ба хабарнигори сомонаи «Тajikistantimes.com» гуфт:
«Аз таваллуди фарзанди дуюми Зулайхо хеле шод гаштам ва ин хушхабарро бисёр дӯстону наздиконаш тариқи телефон занг зада муборакбод гуфта истодаанд ва  албатта ин паёмҳои пурмеҳри мухлисонашро ба бону Зулайхо мерасонам.»

Модари Зулайхо дар суҳбат ба хабарнигори мо қайд кард, ки аҳволу саломатии духтараш чандон бад нест ва ӯ ҳоло дар ҳуҷраи «ВИП» бо фарзандаш дар соати оромӣ истироҳат дорад. Ӯ илова намуд, ки духтурон барои  ва хабаргирии духтарам ва тифлаш касеро иҷозати даромадан намедиҳанд.

Як манбаъи муътамад хабар додааст, ки таваллуди фарзанди Зулайхо Мамадшоева бидуни мушкил ва ба хубӣ гузашт. Зу-Зу баъди таваллуди фарзанди дуюмаш дар ВИП-палатаи ин таваллудхона таҳти назорат қарор дорад ва ба ӯ дар инҷо табиби хусусиаш хидмат мерасонад.

Зулайхо Мамадшоева 9 сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, мактаби рақами якро дар Фархор хатм кардааст. Модари ӯ, бино ба тарҷумаи ҳолаш, раққоса буд ва Зулайхо ҳам, ки фарзанди калонӣ буд, аз хурдӣ орзуи ҳунарнамоӣ дар саҳнаи эстрадаро дар дил мепарварид.

Зулайхо мухлиси садо ва тарзи иҷрои овозхони шинохта Манижаи Давлат буд ва шогирди мактаби ӯ шуд. Аксари оҳангҳои таронаҳои Зулайхо Мамадшоеваро Манижаи Давлат навиштааст. Ӯро мухлисони савту наво баробари Шабнами Сурайё, Садриддини Наҷмиддин ва Ҷонибек Муродов дӯст медоранд ва таронаҳояшро гӯш мекуннад.

Зулайхо бори аввал рӯзи 9 сентябри соли 2011, дар 18-солагиаш дар ҷашни бахшида ба 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон бо таронаи «Ватан” дар саҳнаи бузург ҳунарнамоӣ кард. Ҳамон сол нахустин албоми таронаҳои ӯ бо номи «Кабӯтар” нашр шуд ва исми Зулайхоро дар саҳнаи эстрадаи тоҷик шинохта кард.

Таронаи «Мамнунам” ва «Духтари Фархори»-и Зулайхо Мамадшоева пуртарафтортарин таронаҳои тоҷикии соли 2017 дониста мешавад. Ин таронаро танҳо дар канали «Тамошоу” дар Ютуб то имрӯз 14 миллион нафар тамошо кардаанд, ки дар байни овозхонҳои тоҷик бесобиқа аст.

26-06-2018, 11:30       6 344 просмотров

Поделитесь с друзьями:


Похожие новости