Далер Хонзода суруди Муборакшои зиндаёдро бозхонӣ кард

Далер Хонзода, овозхони тоҷики муқими Ӯзбекистон таронаи шодравон Муборакшо Мирзошоев, сарояндаи маъруфи тоҷикро бозхонӣ кардааст.
Таронаи Муборакшо “Нолам дорам” унвон дошт, вале Далер Хонзода ба он “Парвинамо” номгузорӣ карда, дар оҳанг дигаргунӣ ворид намудаву бо сабки ба худ хос бозхонӣ кардааст.

ÐаÑÑинки по запÑоÑÑ ÐÐ°Ð»ÐµÑ Ð¥Ð¾Ð½Ð·Ð¾Ð´Ð° - ÐаÑвинамо

“Нола дорам”-и Муборакшо дар дили мухлисон ҷои худро дошта бошад ҳам, корбарони шабакаи YouTube ба Далер Хонзода барои дубора эҳё кардани суруди овозхони зиндаёд изҳори миннатдорӣ кардаанд.
Айни замон таронаи “Парвинамо”-ро дар шабкаи YouTube беш аз 30 ҳазор нафар тамошо карда, ба ҳунари овозхонии Далер Хонзода баҳои баланд додаанд.

Муборакшо Мирзошоев зодаи деҳаи Емси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон буда, 19-уми августи соли 1961 ба дунё омадааст. Ҳанӯз замони 14-сола буданаш суруди “Чор ҷавон”-ро эҷод карда буд, ки то ҳол мондагор аст.
Муборакшо дар соҳаи санъату ҳунар мактаберо хатм накарда бошад ҳам, ҳунару истеъдоди воло дошт. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи авиатсионии Ленинград мебошад. Фаъолияти эҷодиаш аз соли 1988 дар гурӯҳи Далер Назаров оғоз шудааст. Умр вафояш накард ва дар синни 39-солагӣ, 8-уми феврали соли 2000 аз олам даргузашт.

Далер Хонзода низ зодаи шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон мебошад, вале дар солҳои 90-уми асри гузашта ҳамроҳи оилааш ба шаҳри Самарқанд кӯчиданд ва то ҳол дар ҳамон ҷо зиндагӣ ва кору фаъолият дорад.
Таронаи “Парвинамо” нахустин таронаи тоҷикии Далер Хонзода набуда, то имрӯз сурудҳои “Ишқи зарир”, “Дӯстад дорам”, “Нозанинам” ва ғайраҳо бо забони тоҷикӣ суруда шудаанд.

Манбаъ: Папида

20-06-2019, 18:52       2 451 просмотров

Поделитесь с друзьями:


Похожие новости