Мансур Нигматов, роҳбари ширкати “Tojikon Holiday” ва шавҳари овозхон Шабнами Собирӣ бо ташкили як маъракаи хайриявӣ рекорди блогери русро шикаст.
Продюсери тоҷик бо истифода аз хизматрасонии 100 автомобили ширкати “Рахш Таксӣ” ба зиёда аз 100 оилаи камбизоат ёрии башардӯстона фиристод, ки он аз орд, равған, шакар, картошка, пиёз, доруворӣ ва дигар маводҳои хӯрока иборат буд.
Қаблан блогери рус Михаил Литвин бо истифодаи 50 таксӣ ин маъракаи хайрияро анҷом дода будааст. Пас аз тамошои он навор, Нигматов низ тасмим гирифтааст, ки рекорди Литвинро шиканад ва ҳамин тавр 100 таксиро фармоиш дод.
Навори ин маъракаи хайрияро дар саҳифаи “Tajikistan Music Awards” дар шабакаи YouTube давоми ду рӯзи нашраш наздики 200 ҳазор нафар тамошо карда, қисми зиёди мардум аз амали башардӯстонаи Нигматов ҷонибдорӣ кардаанд. Продюсери тоҷик ният дорад, ки дар моҳҳои минбаъда сафи таксиҳоро бо чунин ёрии башардӯстона то ба 1000 адад бирасонад.
Бархе аз тамошобинон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз он эрод гирифтаанд, ки кори хайрро набояд таблиғ кард, вале Нигматов мегӯяд, чунин корҳои хайрро таблиғ бояд кард, то дигарон низ ибрат бигиранд.
Мансур Нигматов ва Шабнами Собирӣ яке аз ҷуфтҳои хушбахттарини шоу-бизнеси тоҷик ба шумор мераванд. Имрӯз соҳиби ду фарзанд, як писару як духтар ҳастанд.
Музыкальный портал позволяет слушать онлайн и скачать музыку бесплатно и без регистрации.
По всем вопросам писать: info@tajmedia.tj License Ministry of Culture of the Republic of Tajikistan №38» 01. 11. 2018 Certificate tax registration Tajikistan №0530201311» 14. 03. 2019