-Чанд вақт боз шумо камнамо будед ва бо ин сабаб дар байни мардум миш-мишҳо пайдо шуданд, ки гӯё Нигина Амонқулова боз фарзанд таваллуд карда, дар рухсатии ҳомиладорӣ мебошад. Ин овозаҳо асос доранд ё…?—Шукронаи Худо имсол ман бори дуюм модар шудам ва аз ин неъмати ато кардаи парвардигор хеле хушнудам. Сабаби чанд муддат аз саҳна дур монданам ҳамин буд. Бо пою қадами писарчаам дар “Суруди сол” ғолиб омада соҳиби ҷоиза гаштам. Ваъда медиҳам, ки дар соли нави 2018 бо навовариҳои эҷодӣ ва сурудҳои гӯшнавозу клипҳои ҷолиб хотири мухлисонамро шод месозам.
-Шоҳписарро чӣ ном гузоштед?-Довудҷон!
-Шумо, ки ташвишу даводавҳои зиёд доред, нигоҳубини тифлакатон бар дӯши кист?
—Самари умри инсон фарзанд аст. Ман кӯшиш мекунам, ки бештари вақти худро ба тарбияи писарчаҳоям сарф намояд. Модарам низ дар тарбияи набераҳои дӯстрӯякашон саҳми худро гузошта, ба ман кӯмак мерасонанд. Дар вақтҳои серкорӣ модарам парасторӣ мекунанд.
Мо ба Нигина Амонқулова суолҳои зиёде доштем, вале ин зани сар то по ҳунарро дар хона тифлаконаш интизор буданд, аз ҳамин сабаб Нигинабону аз мо узр хоста рафт.
Ногуфта намонад, ки писари калонии Нигина Амонқулова Аъзамҷон ном дошта, 6- сола аст. Қаблан ин овозхони шинохта дар мусоҳиба ба журналистон гуфта буд, ки мехоҳад соҳиби духтарча шуда, номашро Зарафшон гузорад, вале Худованд ба Нигинабону боз як шоҳписар дод. Албатта тавлиди фарзанди дуюм масъулияти Нигинабонуро ҳамчун модар боз ҳам бештар хоҳад кард, вале новобаста ба ҳама ташвишҳои зиндагӣ ин хонуми санъатдӯст нақшаҳои зиёди эҷодӣ дорад. “Имсол мехоҳам иммидҷи худро тағйир дода, бо стили нав суруду таронаҳоямро ба мухлисон пешкаш намоям”,- мегӯяд Нигина Амонқулова.

Нигина Амонқулова ба Беҳрӯз Зеваров ихлоси зиёд дошта, аксаран бо машварати ӯ амал менамояд. Ин овозхони 31-соларо дар ҷашну ҷорабиниҳо ҳамеша продюссераш Беҳрӯз Зеваров ҳамроҳӣ мекунад. Беҳрӯз Зеваров на танҳо аз кору асрори зиндагии Нигина Амонқулова, балки аз деги шоу-бизнеси тоҷик хуб огоҳ аст, дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, ки соли 2017 барои овозхонҳои тоҷик соли бобарору пурмаҳсул буд. «Бисёре аз овозхонҳо дар саҳнаҳои хориҷи кишвар баромад карданд. Ин як қадами хеле хуб аст.”
Агарчӣ телевизиони Тоҷикистонро дигар нимшӯхиву нимҷиддӣ «Телевизиони Нигина” наменоманд ва таронаҳои ӯ мисли солҳои пеш такрор ба такрор тавассути ин шабакаҳо намоиш дода намешавад, аммо шӯҳраташ аз солҳои қаблӣ камтар нест. Назарсанҷии ахири Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало» маълум кард, ки имсол ҳам Нигина маъруфтарин овозхони кишвар буд. Дар пурсиши соли гузаштаи ин марказ низ аксарият Нигина Амонқуловаро маҳбубтарин овозхони сол хонда буданд.
Таронаҳои орому оҳангҳои зебо ва садои дилнишини ин овозхон ба зудӣ ба дилҳо роҳ меёбад ва дар сархат ё «топ”-и дискфурӯшҳо ва мобитонҳои ширкатҳои мобилӣ қарор мегиранд.

Нигина Амонқулова, соли 1986 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, номаш бори аввал баъди пирӯзӣ дар озмуни «Андалеб” матраҳ шуд. Аввалин таронае, ки Нигинаро машҳур кард, таронаи маъруфи солҳои 60-ум бо номи «Ранҷида нигорам омад” буд, ки Нигина Амонқулова бозхонӣ кардааст. Дар бораи хонаводааш ҳамин қадар маълум аст, ки падараш ронанда, модараш бошад, аз рўи ихтисос муҳосиб аст.
Ин овозхони маъруфи тоҷик аз рӯй ихтисос ҳамшираи шафқат буда, омӯзишгоҳи тиббиро хатм кардааст, аммо меҳру муҳаббати зиёд ба суруду мусиқӣ ӯро рӯйи саҳна овард ва дар як муддати кӯтоҳ ба нигини саҳнаи тоҷик табдил дод.
Ӯ бештар дар жанри «ретро” суруд мехонад. Солҳои охир таронаҳои Нигина Амонқулова аз ҷумла «Дар оғӯши ту мемирам”, «Сӯзиш”, «Мавригӣ”, ки ҳамроҳ бо Дамирбек Олимов иҷро кардааст, «Пурнурам”, «Оташе”, «Чархи фалак”, «Афсона” ва «Ёри мусофир” дар Тоҷикистон маъруфияти зиёд пайдо намуданд. Моҳи январи соли равон Нигина Амонқулова нахустин албоми расмии таронаҳояшро бо номи «Борон” вориди бозор кард.
Манбаъ: Пабликчати Нигина Амонқулова
30-01-2018, 14:36
4 890 просмотров
Поделитесь с друзьями: