
Дар вилояти Суғд нахустин фестивали байналмиллалии брек-данс доир шуд. Ба ин фестивал раққосони ин намуди варзиш, ки ҳудуди 100 нафар буданд аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷалб шуданд. Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилояти Суғд баргузории ин фестивалро дар «Соли ҷавонон» фоли нек арзёби карда гуфт, ки брек-данс дӯстии чавонони тоҷику, қирғиз ва қазоқро устувор мегардонад. Ӯ мегӯяд, брек-данс ба санъат хело рабт дорад ва ҳамакнун дар Тоҷикистон рушд хоҳад намуд. Брек-дансро як рақси кӯчагӣ ҳам мегӯянд, ки дар Тоҷикистон онро як навъи варзиш ҳам меҳисобанд. Алакай танҳо дар шимолии Тоҷикистон беш аз 100 нафар ҷавонон аз рӯи намуди брек-данс ҳунарнамоӣ мекардаанд
1-10-2017, 12:32
1 987 просмотров
Поделитесь с друзьями: