Зулайхо Маҳмадшоева: "Mеҳоҳам барои писаронам модари хубe шавам"



Овозхони маъруф дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ аз эҳсоси модарӣ, омодагиҳо ба сабти клипи муштарак бо овозхони узбек Озода Нурсаидова ва эҳтимоли тарки саҳнаи ҳунар карданаш суҳбат кард.
  • Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони маъруфи тоҷик, моҳи июни имсол писари дувумашро таваллуд кард. Ӯ мегӯяд, тарбияи фарзандон дидгоҳашро ба зиндагиву кор ва арзишҳое, ки қаблан дошт, комилан тағйир дод.
Овозхони 24-сола рӯзи 26-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тарбияи ду писар аз ӯ ба ҳайси модар ва зан масъулияти зиёд талаб мекунад ва ҳоло чунин эҳсос дорад, ки бояд тадриҷан аз кор ба ҳайси овозхон ва ҳунарманд канор рафта, дар оянда бо касбу кори дигар машғул шавад.

“Дар оянда тарки саҳна мекунам”
Хонандаи оҳангҳои маъруфи “Зу-зу”, “Мамнунам” ва дигарҳо ин шабу рӯз бо тарбияи ду фарзандаш – Муҳаннади чаҳорсола ва Юзорсифи думоҳа машғул аст. Мегӯяд, эҳсос мекунад, ки масъулияти модарӣ зеҳну андеша ва ҳам нигоҳи ӯро ба зиндагиву ояндааш хеле тағйир додааст.
Зулайхо гуфт: “То замоне ки фарзанд надоштам, фикр мекардам, бояд ҳамеша дар саҳна бошаму барои мухлисон зиндагӣ кунам. Чӣ тавре онҳо хоҳанд, либос бипӯшаму бисароям. Айни замон бештар вақтамро бо фарзандон мегузаронам. Фикрҳоям иваз шуданд. Инҳо писар ҳастанд ва мехоҳам, ки дар оянда як модари хубе дошта бошанд. Фикр мекунам, бояд бештар либоси миллӣ пӯшам, либоси маҳкам пӯшам. Намехоҳам, ки сарашон хам бошад. Мехоҳам, ки то калон шудани фарзандон як касби дигарро омӯзам ва тарки саҳна кунам”.

"Пулу мол одамро хушбахт намекунад"


Ӯ мегӯяд, пештар вақти зиёдаш бо ҳунарнамоӣ дар тӯю маъракаҳо ваё сафарҳо мегузашт, вале ҳоло бештар дар хона аст. Ба суоли ин ки оё ӯ аз зиндагие, ки то тарбияи фарзанд дошт, шарм медорад ваё аз кадом хато дар зиндагиаш то имрӯз пушаймон шудааст, гуфт, “на, чунин нест ва аз ҳама чиз розӣ аст”.

“Мехоҳам, ки фардо фарзандонамро баобрӯ оиладор кунам. Намехоҳам, ки аз пушти фарзандонам ҳарфи бад гӯянд. Ман баъзе санъаткоронро дидам, ки фарзандони онҳоро аз пушт ҳар гап мегӯянд ва барои ман ин дарс мешавад”, - гуфт овозхон.
Ӯ ба ин бовар аст, ки овозхониву ҳунарнамоӣ дар саҳна барояш як машғулияти даврони ҷавонӣ аст ва ҳоло фурсати тағйири касбу кор фаро расидааст.

Барои ӯ ҳамчун як зан хушбахтии хонавода муҳимтар аз ҳар чизи дигар будааст ва вақте шавҳараш ҳам мегӯяд, ки аз ҳунарнамоии ӯ дар тӯю маъракаҳо чандон розӣ нест, ба ин бовар аст, ки назари ӯро бояд эҳтиром кунад.
“Пулу мол одамро хушбахт намекунад, барои ман хушбахтӣ – ин оилаи хуб аст”, - мегӯяд ӯ.


Зулайхо мегӯяд, қабл аз овозхонӣ ӯ дӯзандагӣ мекард ва ҳоло эҳсос мекунад, ки метавонад як тарроҳ ё дизайнери хуб ва ҳам ороишгар шавад. Ӯ гуфт, барои расидан ба саҳнаи ҳунар як роҳи душворро пушти сар кард ва аз касе кумак напурсид. “Ман, ки аз ӯҳдаи ин кор баромадам ва касе ҳам ба ман ёрӣ накард. Аз ӯҳдаи дигар кор ҳам мебароям. Шояд рӯзе тиҷорат роҳандозӣ мекунам”, - гуфт ӯ.

Клипи таронаи “Муҳаннад”: моҳи нӯҳуми обистанӣ

Зулайхо Маҳмадшоева мегӯяд, таронаи “Муҳаннад”, ки ба ифтихори писари нахустинаш эҷод шудааст, ҳанӯз чор сол пеш иншо шуд. Вақте ширкати Qiam Entertainment ба ӯ пешниҳоди сабти клипи нав кард, ҳамин оҳангро ба онҳо муаррифӣ намуд. Тасмим ҳам ҳамин шуд, ки дар ин тарона овозхони обистан дар фурсати чанд ҳафта пеш аз таваллуди фарзанди дуюм нақш офарад. Ин клип оғози моҳи август дар шабакаи YouTube нашр шуд ва то кунун тақрибан сад ҳазор нафар онро тамошо кардаанд.
Овозхон мегӯяд, сабти куллии ин клип як ҳафта тӯл кашид ва барои ӯ, ки дар моҳи нӯҳуми ҳомила буд, мушкил гузашт. Ӯ мегӯяд, аз ҳамин чиз шод буд, ки писарчааш Муҳаннад дар ҷараёни наворгирӣ рафтори хуб дошт, ӯро гӯш мекард ва тавонист аз иҷрои нақши асосӣ бахубӣ барояд.
Ҳунарнамоӣ бо овозхони узбек Озода Нурсаидова
Озода Нурсаидова

Зулайхо Маҳмадшоева мегӯяд, дар моҳҳои наздик барои анҷоми як барномаи нави ҳунарӣ омода мешавад. Ин – сабти клипи нави мусиқиаш бо овозхони узбек Озода Нурсаидова аст, ки қарор аст ба Душанбе биёяд. Ӯ гуфт, ин тарона ба забони тоҷикӣ иҷро мешавад ва умед дорад он ҳам дар ҳарду тарафи марз хеле маъруф мешавад.
Маҳмадшоева аз ҷумла, гуфт, аз боз шудани марзҳо ва бекор шудани виза миёни Тоҷикистону Узбекистон шод аст, чунки дигар мисли гузаштаҳо лозим намеояд, овозхонону ҳунармандон ба хотири шод кардани хотири мардуми якдигар ҳафтаҳо интизори виза бимонанд.

Манбаъ. Радиои Озоди

8-09-2018, 16:22       4 005 просмотров

Поделитесь с друзьями:



Похожие новости